Авҷи бунёдкорӣ дар шоҳроҳи Шӯрообод- Шоҳон

Август 31, 2013 11:06

Шӯрообод, 31 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар қитъаи роҳи Шӯрообод-Шоҳон тахту ҳамвор намудани роҳ ва сохтмони кӯпрукҳо аз ҷониби мутахассисони тоҷику турк мувофиқи лоиҳа идома дорад. Дар ин қитъа 200 нафар коргарони маҳаллӣ ва 50 нафар мутахассисони ширкати роҳсозии СП «Комбайн Групп Ткар» бо истифода аз техникаи муосири роҳсозӣ баҳри дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ корро дар ду баст ба роҳ мондаанд. Мақсади ба роҳ мондани басти дуюми кориро мутахассисон дар халал нарасонидан ба ҳаракати нақлиёт унвон карданд. Дар айни замон дар қитъаи Шӯрообод- Шоҳон мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ сохтмони кӯпрукхоро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ идома медиҳанд. Яке аз ин кӯпрукҳо дар болои сои Хирманҷо бо дарозии 306 метр, дар сои Кишт 297 метр ва дар болои оби Ниёб бо дарозии 264 метр сохта шуда истодааст.  

Август 31, 2013 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш