Авбошони ниқобпӯш дастгир шуданд

Август 27, 2013 10:19

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – Сокинони ноҳияи Рашт Р.Ҷононов ва Ф.Қаландаров дар мавриди дар бозори молфурӯшии ноҳия ба онҳо ҳамла овардани ҷавонони ниқобпӯш ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт шикоят намуданд. Маълум шуд, ки бар асари ин ҳамла Р.Ҷононов ва Ф.Қаландаров захм бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳангоми роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ сокинони қишлоқи Каландак Ш.Деҳқонов, Х. Зикиров ва А.Ҷононов ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар шуда, ба даст афтдоданд.Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Август 27, 2013 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш