Азми деҳқонону боғпарварон

Август 26, 2013 10:55

Шаҳринав, 26 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуҳомид Фаттоҳов ҳосилнокии умумии ғалладона дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 29,9 сентнер ва дар заминҳои обӣ 50 сентнерро ташкил дод. Ин нишондоди хеле хуб буда, деҳқононро ба ҳосили дастранҷашон ҳавасманд мегардонад. Соли ҷорӣ дурнамои кишти зироатҳои ғалладона 105,5 фоиз , аз он дар заминҳои обёришаванда 123,7 фоиз, пахта 93 фоиз, зироатҳои полезӣ 75,4 фоиз, сабзавоти тухмӣ 52,6 фоиз, зироатҳои хӯроки чорво 138,8 фоиз иҷро гардид. Дар ноҳияи Шаҳринав 580 гектар боғи ҳосилдиҳандаю донакдор мавҷуд аст. Аз боғҳои мазкур боғпарварон алҳол 151 тонна ҳосили аълосифат ҷамъоварӣ намуданд. Боиси хурсандист,ки дар 179 гектар боғу токзоре, ки имсол шинонида шуд, сабзиши ниҳолҳо алҳол хуб аст.

Август 26, 2013 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш