Ба пирони забун кун дастгирӣ…

Август 21, 2013 15:36

Турсунзода, 21 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода, ки дар деҳаи Батош дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгир аст, аз соли 1972 инҷониб фаъолият дорад. Алҳол дар муассисаи мазкур 230 нафар пирону маъюбон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд. Ҳарчанд онҳо бо ғамхории ҳаматарафаи давлату ҳукумати Тоҷикистон таъминанд, боз ташкилоту муассиса ва шахсони ҳимматбаланде ҳастанд, ки ба онҳо кӯмак мерасонанд. Аз ҷумла, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик», хоҷагии «Дӯстӣ» ва дигар ашхоси алоҳида кӯмаки худро ба онҳо ҳамеша мерасонанд. Ғайр аз ин худи муассисаи мазкур 2 гектар хоҷагии ёрирасон дорад, ки ҳамасола ҳосили хуби кишоварзӣ ба даст меорад.

Август 21, 2013 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш