Баистифодадиҳии 23 корхонаи сохтмонӣ

Август 19, 2013 15:33

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Моҳҳои январ — июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4,9 ҳазор тонна оҳак (назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 ҳазор тонна зиёд), 56,3 млн. дона хишт (9,6 млн. дона зиёд), 347,8 ҳазор м3 қуму шағал (170,4 ҳазор м3 зиёд), 5,2 млн. дона хишти сементӣ (1,4 млн. дона зиёд), 22,1 ҳазор м3 оҳану бетони васлшаванда (6,3 ҳазор м3 зиёд) истеҳсол шудааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли семент бе назардошти ҶСК «Тоҷиксемент» 29 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 ҳазор тонна зиёд буда, 178%-ро ташкил медиҳад.  Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» соли 2013-ум дар соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ба истифода додани 23 корхонаи хурду миёна пешбинӣ шудааст. Аз ин миқдор дар зарфи 7 моҳ 13 корхона бо таъсиси 244 ҷойи корӣ, аз ҷумла, 2 корхонаи хурди семент, 5 корхонаи хишт, 5 қуму шағал ва як корхонаи оҳак мавриди истифода қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки сохтмони 5 корхонаи дигар бо таъсиси 1084 ҷойи корӣ идома дорад. Тибқи нақша охири моҳи август корхонаи сементи ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент»-и ноҳияи Ёвон бо таъсиси 1000 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз менамояд, ки иқтидори солонаи он 1 миллион тонна сементро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 19, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш