Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Хонуми Олиҷоҳ,Сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.Имрӯз равобити ҳасана ва мутақобилан судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар марҳилаи рушди худ қарор доранд.Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехоҳам таъкид намоям, ки ҷониби Тоҷикистон дар маҷмӯъ нисбати дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид бо Ҷумҳурии Корея аз диди нек мавзеъгирӣ менамояд ва хоҳони густариши онҳо мебошад.Бо камоли масаррат ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти кориатон дастовардҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея – пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






