Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба Президенти Украина

Август 24, 2013 11:01

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Виктор Янукович барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:Муҳтарам Виктор Фёдорович,Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Украина қабул доред. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам зикр намоям, ки Тоҷикистон ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои судманд бо Украина ба манфиати давлатҳо ва халқҳоямон диққати хоса зоҳир менамояд. Мо ҷиҳати андешидани чораҳои якҷояи минбаъда, ки ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳоамон дар ҳама соҳаҳо равона шудаанд, омодаем. Ба Шумо, муҳтарам Виктор Фёдорович, солимии бардавом, ба амалишавии нақшаҳои минбаъдаатон ҷиҳати шукуфоии Украина муваффақият ва ба халқи дӯсти Украина сулҳу бурдборӣ таманно дорам».

Август 24, 2013 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш