Барномаи компютеркунонӣ иҷро мешавад
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – То имрӯз дар вилояти Суғд барномаи компютеркунонии мактабҳо баробари 98 фоиз иҷро шудааст. Соли гузашта дар вилоят 49 мактаб ба шабакаи интернет пайваст гардида, то имрӯз 505 мактаб вориди ин шабака шудааст. Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур барои се давра пешбинӣ шуда, давраи аввал солҳои 2003 – 2007, давраи дуюм солҳои 2009 – 2010 – ро фаро гирифта. давраи сеюм бояд аз соли 2011 то 2015 идома ёбад.Мувофиқи суханони манбаъ, мактабҳои минтақаҳои Истиқлол, Қайроққум ва Зафаробод ба дараҷаи баланд бо компютерҳо таъмин шудаанд. Мактабҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар бо компютеру техникаи дигари зарурӣ таъмин гардидаанд. Хотирнишон месозем, ки барномаи компютеркунонии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 қабул шуда буд. Мутобиқи ин барнома барои ҳар як 15 нафар хонанда бояд 1 компютер рост ояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






