Баррасии Кодекси экологии Тоҷикистон

Август 29, 2013 11:03

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Намояндагии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъ дар Тоҷикистон даври охирини баррасии аҳли ҷамъият аз рӯи шакли охирини лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд. Шакли хотимавии лоиҳаи мазкурро гурӯҳи корӣ тарҳрезӣ ва ҷиҳати баррасӣ манзури ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ намуда буд. Мақсад аз ин лоиҳа такмили қонунгузории экологӣ ва таъмини мутобиқати он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Мувофиқи суханони мудири шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва экологии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, кодекси экологӣ бояд санади асосии қонунгузорӣ дар бахши экология гардад. Кодекси экологӣ соли 2014 барои тасдиқ манзури парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон карда мешавад.

Август 29, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш