Баррасии масоили мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз дар толори Маркази иттилоот ва муошират ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон доир гардид. Дар ҷаласа маълумоти раиси Комиссияи байниидоравӣ-мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов оид ба натиҷаи фаъолияти комиссия дар ҳафт моҳи аввали соли 2013 ва ҳисоботи роҳбарони гуруҳҳои кории комиссия, муовини вазири маориф, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба ҷараёни татбиқи «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар ҶТ барои солҳои 2011-2013» шунида шуд. Вазорату идораҳои масъули иҷрои барнома ва гуруҳҳои кории комиссия вазифадор шудаанд, ки то моҳи декабри соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи амалии ин барнома тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.Бо мақсади тақвияти муқовимат бо савдои одамон лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои иловагии муқовимат бо савдои одамон дар ҶТ барои солҳои 2013-2014» маъқул дониста шуд.Ҳамзамон бо қарори Комиссияи байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар ҶТ барои солҳои 2014-2016» гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, он вазифадор гардид, ки то моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар ҶТ барои солҳои 2014-2016»-ро мутобиқ ба талаботи низоми миллӣ ва байналмиллалии муқовимат ба савдои одамон таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ манзур намояд.Зимни чорабинии мазкур намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ғайриҳукуматӣ низ ибрози андеша карданд.Дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалию ғайриҳукуматӣ иштирок доштанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






