Баррасии Ёддошти экологии Тоҷикистону Украина
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар Саридораи геологияи Тоҷикистон ҳайати геологони Украина, ки таҳти роҳбарии вазири экология ва захираҳои табиии Украина О.Проскуряков дар Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳамтоёни худ мулоқот анҷом доданд.Тавре ки аз Саридораи геология хабар доданд, дар мулоқот ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали сардори Саридора Р. Бахтдавлатов роҳбарӣ мекард ва дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии экологӣ ва захираҳои табиии Украина»-ро баррасӣ намуданд.Ҳамчунин дар мулоқот мусоҳибон ҳамкориҳо дар бахши омӯзиши геологии қаъри замини Тоҷикистон ва Украина, омода кардани мутахассисони соҳа дар донишгоҳҳои Украинаро низ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор доданд.Ҷонибҳо дар охир ба хулоса омаданд, ки то ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар атрофи масъалаҳои мазкур мубодилаи афкор намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






