Беш аз 6 ҳазор муроҷиати муҳоҷирон ба Хадамоти муҳоҷират

Август 3, 2013 10:14

Душанбе, 3 август. (АМИТ. «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар шашмоҳа ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки аксарият муҳоҷирони меҳнатии дар Русия буда мебошанд, омадааст дар ҳисоботи шашмоҳаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар.Бино ба ҳисоботи мазкур, муроҷиати асосии шаҳрвандон масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Русия, қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, қонунгузории кишвари кордиҳанда, напардохтани музди меҳнат, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Русия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кӯмак барои ба ватан баргаштан, муайян намудани суроғаи хешу наздикон дар хориҷи кишвар мебошад.

Август 3, 2013 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш