Бинои гимназияи президентӣ 85% омода аст

Август 12, 2013 10:29

Кӯлоб, 12 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов)-.Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони бинои гимназияи президентӣ барои 640 хонанда муташаккилона ҷараён дошта, дар айни ҳол сохтмони он ба 85% расидааст ва мувофиқи нақша то арафаи соли нави хониш ба истифода дода мешавад. Ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои омӯзгорон як бинои хонаи истиқоматӣ, ки аз 9 ошёна ва 36 ҳучра иборат мебошад, дар арафаи анҷомёбист. Бинобар иттилои сардори қитъа Субҳонқул Султонов сохтмони бино аз ҷониби ҶДММ «Хизматрасонии сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе ба истифода дода шуда, баъди ба анҷом расидани он 36 омӯзгор бо хонаи истиқоматӣ таъмин мегарданд. Ба гуфтаи манбаъ маблағгузории корҳои сохтмонӣ ба уҳдаи Дирексияи сохтмони асосии дастгоҳи Президенти ҶТ вогузор карда шуда, то ин муддат дар корҳои сохтмонии бино маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ масраф гардида, инчунин 80 нафар бо чои кор таъмин гардид.

Август 12, 2013 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш