Боздиди коршиносони БРАО аз Тоҷикистон

Август 30, 2013 11:22

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Коршиносони Бонки рушди АвруОсиё ба манзури давом додани машварат тибқи дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани қарзи молиявӣ ва таҳияи стратегияи ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди муборизаи зидди бӯҳрон ба шаҳри Душанбе омаданд.Мувофиқи суханони манбаъ, Бонки рушди Авруосиё, ки идораи маблағҳои Бунёди муборизаи зидди бӯҳронро ба ӯҳда дорад, дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани қарзи молиявӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА ба манзури дастгирии буҷаи соли 2013 дархост гирифта буд. Тавре ки аз Бонки рушди АвруОсиё хабар доданд, чанде пеш коршиносони бонки мазкур ба шаҳри Душанбе омада, эҳтиёҷоти буҷаи соли 2013, дурнамои миёнамӯҳлат, ҳамчунин ислоҳот барои таҳкими устуворияти дарозмуддати буҷаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ғайр аз ин ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот муносибатҳо ба Стратегияи сесолаи ҳамкории Бунёди муборизаи зидди бӯҳрон ва самтҳои дурнамои ҳамкорӣ барои давраи солҳои 2014 – 2016 – ро баррасӣ намуданд. Ба масоили рушди бахши энергетика, аз ҷумла таъмиру таҷдид ва иваз намудани таҷҳизоти кӯҳнаи Нерӯгоҳи барқи обии Норак таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Август 30, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш