Боздошти интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2013 14:53

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 13 агусти соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии «Барномаи миллии боздошти интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» гузаронидани конфронси минтақавии илмию амалӣ ба нақша гирифта шудааст.Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд, конфронс дар мавзӯи «Барҳамдиҳии бемории вараҷа» бо иштироки кормандони масъули соҳа, намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони ҳамкор ба нақша гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки конфронси мазкур 13 августи сол дар шаҳри Душанбе дар толори меҳмонхонаи “Тоҷикистон” баргузор мешавад

Август 9, 2013 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш