Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Куштор дар Нигерия Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, ҳафтаи равон дар қисми шимолу шарқии Нигерия бар асари чанд ҳамла наздики 25 кас ҳалок гардид. Ҳуҷуми аввал дар шаҳраки Кукава, воқеъ дар штати Борно сурат гирифт, ки дар натиҷа 20 сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид. Ҳодисаи дигари тирпарронӣ дар минтақаи Майдугури рух додааст, ки боиси қурбон шудани 5 кас гардид. Мувофиқи маълумоти расида, ҳамларо гуруҳи ҷудоихоҳи «Боко Ҳарам» анҷом додааст. Амалиёт дар Афғонистон Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалиёт алайҳи гуруҳҳои силоҳбадаст то ҳол идома дорад. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ дар пайи амалиёти густурда беш аз 100 мухолифи давлатро нобуд кардаанд. Амалиёт асосан дар минтақаҳои куҳии Хушӣ ва Арз, ки даҳ сол боз таҳти таъсири ҷангиёни Ҳаракати «Толибон» қарор дорад, сурат гирифтанд. Зимни даргирии шадид миёни нерўҳои давлатӣ ва гуруҳҳои силоҳбадаст чандин нафар ба асорат афтодаанд. Ҳарорати гармӣ дар Испания Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Муддати чанд рӯз аст, ки дар Испания гармои тоқатфарсо боиси сўхтори бешазор гардидааст. Ҳарчанд кормандони Хадамоти оташнишонӣ бар зидди сўхтор мубориза баранд ҳам, то ҳол ба маҳви пурраи он муваффақ нашудаанд. Бояд гуфт, ки дар ҷазираи истироҳатии Майорка сўхтор масоҳати 2 ҳазор гектар ҷангалзорро ба коми худ кашидааст. Гармии ҳаво дар дигар кишварҳои Аврупо низ ҳукмфармост. Аз ҷумла, он дар Олмон, Италия, Австрия ва Чехия ба назар мерасад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






