Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Вазъияти сиёсӣ дар Либия Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар маҳбаси «Ал-Қуифия»-и шаҳри Бенғозии Либия маҳбусон даст ба ошўб заданд ва бо истифода аз бесарусомониҳо 1200 зиндонӣ фирор намуд. Ҳукуматдорон аллакай дар минтақаҳои сарҳадӣ ба масъулин аксҳои маҳбусонро расонда, барои дастгир намудани онҳо дастур додаанд. Сарвазири кишвар Алӣ Зейдан бо эътино ба вазъияти ҳассоси мавҷуда мақомоти қудратиро муваззаф сохт, ки сарҳадро бо Миср банданд. Ба андешаи ҳукуматдорон ин тадбир имкон фароҳам меоварад, ки фирори маҳбусонро аз дохили кишвар пешгирӣ шавад. Ёдовар мешавем, ки вазъияти сиёсӣ дар Либия муътадил нест, зеро чанд рўз қабл яке аз сиёсатмадорони шинохтаи кишвар Абдусалом Мисмарӣ аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қатл расонда шуд. Ҳамлаи Амрико дар ПокистонДушанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар»).-Ҳавопаймоҳои бесарнишини нерўҳои низомии ИМА ба музофоти Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамла оварданд. Бар асари ҳодиса 6 кас ҷон бохта, 2 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Бино ба маълумоти кормандони Агентии иттилоотии «Ассошиэйтед Пресс» ҳамла субҳи рўз дар яке аз минтақаҳои куҳии мамлакат, 100 километр дуртар аз шаҳри Мироншоҳ анҷом дода шуд. Дар пайи мушакборон чанд манзили зисти мардум низ вайрон гардид. Бояд гуфт, ки нерўҳои низомии Амрико ба эътирозу интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, ҳамоно минтақаҳои гуногуни Яман, Сомали, Афғонистон ва Покистонро мавриди ҳамла қарор додаанд. Куштори адмирал дар Мексика Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар штати Мичиокани Мексика ба ҷони ноиб- адмирали артиши миллии кишвар Карлос Мигел Саласар сўиқасд анҷом дода шуд. Ҳодиса дар яке аз шоҳроҳҳои автомобилгард сурат гирифт. Дар пайи ҳамла ноиб-адмирал бо шумули як тан муҳофизи худ ба ҳалокат расида, 2 каси дигар захмӣ гардиданд. Вақтҳои охир дар ҳудуди штати мазкур сатҳи ҷинояткорӣ рў ба афзоиш овардааст. Ёдовар мешавем, ки дар штати Мичиокан гуруҳи нашъаҷаллоби «Кабалерос темплариос» фаъол мебошад. Бояд гуфт, ки тайи ҳафтаи равон дар ин минтақа бар асари задухўрди мусаллаҳона 20 ҷинояткорро нобуд карданд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






