Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Владислав Баутгентнер боздошт гардид
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойтахти Беларус- шаҳри Минск директори генералии ширкати «Уралкалий», мансуб ба Федератсияи Русия ва ҳамзамон роҳбари Шўрои назоратии ширкати «Калий»-и Беларус Владислав Баутгентнер боздошт карда шуд. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар менависанд, Владислав сўйистифода аз мансаб ва барои расонидани зарари молӣ ба ширкати «Беларускалий» айбдор дониста мешавад. Тибқи қонунгузории Беларус ба Владислав Баунтгентнер даҳ соли маҳрумият аз озодӣ ва мусодираи молу амвол таҳдид менамояд. Истифодаи нерӯгоҳи бодӣ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар Олмон бузургтарин нерўгоҳи бодии «Барт-1» мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳаҷми сармояи ин лоиҳа наздик ба 2 миллиард евроро дар бар мегирад. Ба қавли роҳбари генералии ширкати «Барт-1» нерӯгоҳи нави бодӣ ним миллион манзили зистро бо рӯшноӣ таъмин хоҳад кард. То соли 2020 ум Олмон тасмим дорад истеҳсоли нерўи барқро тавассути нерӯгоҳҳои бодӣ ба 10 ҳазор мегаватт баробар созад. Бояд гуфт, ки соҳаи энергетикаи Олмон вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар нерӯгоҳи Ривга, ки сохтмонаш ҳанўз тобистони соли ҷорӣ ба итмом расидааст, миллионҳо евро зарар мебинад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






