Чин парчами Шӯрои олимпии Осиёро ба Шри-Ланка супурд

Август 26, 2013 08:59

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар»). — Шаби шанбеи 24-уми август маросими ботантанаи пӯшидашавии Бозиҳои дуввуми осиёии наврасон дар Чин баргузор шуд.Ин маросим, ки дар толори сарпӯшидаи Маркази варзишии олимпии шаҳри Нанҷинг барпо гардид, бо барафрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз ёфт. Баъдан намояндагони ҳайатҳои варзишии 45 кишвари Осиё бо парчамҳои миллӣ вориди толор шуданд. Сипас барномаи ҷолиби консертиву варзишӣ ба тамошогарон пешкаш гардид.Ксюонг Ли, раиси кумитаи тадорукоти Бозиҳои дуввуми осиёии наврасон ва Тимоти Фок, муовини раиси Шӯрои олимпии Осиё (OCA) ҳозиринро бо анҷоми бозиҳо табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабинии бузурги варзишӣ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос намуд. Сипас парчами давлатии Шри-Ланка, макони баргузории Бозиҳои севвуми осиёии наврасон, барафрохта шуд.Тимоти Фок парчами Шӯрои олимпии Осиёро ба мири шаҳри Ҳамбантотаи Шри-Ланка Эраҷ Равиндра Фемандо, ки Бозиҳои севвуми осиёии наврасон баъди чаҳор сол дар он ҷо доир хоҳанд шуд, супурд. Ҳунарпешагони Шри-Ланка бо рақсу тарона хотири тамошогаронро шод карданд. Дар охир ҳамаи ширкаткунандагони маросим рӯи саҳна омаданд ва оташи гулхани Бозиҳои дуввуми осиёии наврасон хомӯш гардид. Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари навраси аз 14 то 18-сола аз 45 кишвари қораи Осиё дар 17 риштаи варзиш рақобат карданд ва намояндагони 29 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо 93 медал (46 тилло, 23 нуқра ва 24 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал (25+13+14) дар ҷойи дуввум ва Ҷопон бо 18 медал (7+5+6) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.Тоҷикистон ва Ироқ ҳар кадом бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ ҷойи 22-юмро соҳиб гаштанд. Баъди Тоҷикистон Урдун ва Муғулистон — ҳар кадом бо 3 медали биринҷӣ, Баҳрайн, Қирғизистон, Макао ва Яман — ҳар кадом бо 1 медали биринҷӣ ҷойгир шуданд. Вале варзишгарони 16 кишвар, аз ҷумла Афғонистону Туркманистон медал ба даст наоварданд.Қазоқистон бо 13 медал (1+4+8) ҷойи 13-ум, Ӯзбекистон бо 8 медал (1+2+5) ҷойи 14-ум, Эрон бо 8 медал (0+6+2) ҷойи 20-умро касб карданд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Чин бо 93 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал дар ҷойи дуввум ва Тайланд бо 37 медал дар ҷойи севвум қарор гирифтанд. Тоҷикистон ва Ироқ бо 2-медалӣ 21-ум шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнбардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду кас — Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гӯштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд. Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар гуфт: “Мо аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони худ дар Бозиҳои дуввуми осиёии наврасон қаноатмандем. Бояд гуфт, ки дар аввалин Бозиҳои осиёии наврасон дар Сингапур аз Тоҷикистон ҳамагӣ ду варзишгар ширкат доштанд ва ҳарду аз медалҳои бозиҳо бенасиб монда буданд. Мо умедворем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар Бозиҳои дуввуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя хоҳанд кард. ”Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст оварда буданд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гӯштии озод дар вазни то 63 кг барандаи медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до WTF дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буданд. Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуруҳи аввали варзишгарону мураббиёни тоҷик, ки ба ҳайати он, минҷумла, барандагони медалҳои Бозиҳои дуввуми осиёии наврасон Зоир Шералиев ва Фаррухи Салим шомил буданд, тавассути ҳавопаймо шаби 24-ум ба 25-уми август ба Душанбе расиданд. Онҳоро дар фурудгоҳ масъулини соҳа, хешовандону дӯстонашон ва ҳаводорони варзиш самимона истиқбол карданд. Гуруҳи дуюм шоми якшанбеи 25-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе озими Тоҷикистон шуда ва баъди таваққуфи дурӯза дар шаҳри Урумчӣ шаби 28-ум ба 29-уми август ба Душанбе меояд.Нарзуллоҳи Латиф, раиси Ассотсиатсияижурналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, Нанҷинги Чин.

Август 26, 2013 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст