Дар Тоҷикистон таваллуди писарон бештар аст
Душанбе, 13 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Теъдоди хонаводаҳо дар Тоҷикистон 1 миллиону 197,2 ҳазорро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 7 миллиону 523 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд. Шумораи мардҳо 3817 ҳазор ва занҳо 3747,5 ҳазор нафарро ташкил дода, ба 100 таваллуди духтар 106,107 писар рост меояд. Ин матлаб зимни баргузории мизи мудаввар «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010», ки имрӯз дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ доир гардид, зикр шуд. Дар нишаст Бахтия Муҳаммадиева –директори Агентии омори ҷумҳурӣ, ҷаноби Вернер, мудири минтақавии Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ доир ба аҳамият ва паҳлуҳои афзалиятноки баргузории ин чорабинии муҳим- барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, хусусан дар самти муайян намудани дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии кишвар ва таҳияи стратегияи рушди миллӣ табодули назар карданд. Зебо Исмоилова-масъули ниҳоди омори кишвар марбут ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар назди ҳозирин роҷеъ ба натиҷаҳои ин маъракаи муҳими сиёсию давлатӣ сухан кард. Мавсуф афзуд, ки тибқи натиҷаҳои ин чорабинии муҳими давлатӣ агар зимни барӯйхатгирии аҳолӣ нуфуси Тоҷикистон дар соли 1914-ум 1 миллиону 34, 4 ҳазор нафарро ташкил медод, пас ин омор дар соли 2010 ба 7 миллиону 564,5 ҳазор нафар расидааст. Тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 –ум 2,006,5 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон шаҳрнишин буда, 5557,9 нафари аҳолии кишвар дар деҳот сукунат доранд. Тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 дар Тоҷикистон 58 ноҳия, 17 шаҳр, 57 шаҳрак, 369 ҷамоати деҳот ва 3951 деҳа ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон Зебо Исмоилова афзуд, ки ҷилдҳои 1,2,3,4,5,6 ва 7-уми нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 таҳия ва чоп шудааст. Инчунин Агентии омори мамлакат нусхаи электронии онро дар компакт-дискҳои махсус сабт намуда, дар ҳар як ҷилд онро ҷой додааст. Мавриди зикр аст, ки аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуда буд. Тибқи эъломияи СММ барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҳар як даҳсола гузаронида мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






