Дарёфти 27 кг ҳашиш аз зери кӯпрук

Август 21, 2013 15:37

Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л.Қосимова).- Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе дар зери кӯпруки воқеъ дар кӯчаи Путовскии пойтахт, мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба шаҳрванд Пӯлод Солиҳов, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дошт, боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии мошин аз бордони он 31 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш 27 килою 980 грамм маводи нашъадори ҳашиш буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Август 21, 2013 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш