Дидори коршиносони САҲА аз АНМН

Август 16, 2013 11:22

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – 15 август ҳайати коршиносони котиботи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъ дар шаҳри Вена аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор намуд. Ба ҳайат мушовири бахши масоили сарҳадот Бруно Ҳедерман ва мушовири масоили бахши гумруки Раёсати оид ба масъалаҳои байни миллатҳои Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Ҷонатан Трамбл шомил буданд.Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, мавзӯи асосии мулоқоти дуҷониба иборат аз таҳлили фаъолият дар бахши назорати сарҳади байни муассисаҳои дахлдор ва пешниҳоди тавсияҳо перомуни тадбирҳои минбаъда дар ҳошияи санадҳои Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо аз рӯи масоили амният ва назорати сарҳадот буд.Иштирокдорони мулоқот изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории байни Тоҷикистон ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар бахши муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Август 16, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш