Ду нишони тиллои варзишгарони наврас
Душанбе, 21-уми август.(АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова)- Ду нафар варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи Осиё байни ҷавонону наврасон оид ба варзиши кураш, ки дар музофоти Тайбэеи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, сазовори ҷои аввал гардид.Тавре ки дар ин бора сомонаи вазорат хабар медиҳад, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 46 давлати дунё байни ҳам қувваозмоӣ намуда, варзишгарони тоҷик дар вазни 46 кило Муҳаммадраҳим Сарахонов ва дар вазни 77 кило Хуршед Маҷидов баромад намуда, бар ҳарифони худ пирӯз гардида, сазовори медали тилло шуданд.Ин варзишгарони наврас ҳамагӣ 15-сол дошта, фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






