Гиёҳдармонии давраи Авитсенна дар Душанбе матраҳ шуд

Август 15, 2013 14:12

Душанбе, 15 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Гиёҳдармонии давраи Авитсенна»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе панҷумин Конгресси тибби мардумӣ оғоз гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи гиёҳпизишкон ва табибони халқии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он дар радифи гиёҳпизишкон ва табибони мардумии Тоҷикистон, инчунин коршиносону гиёҳпизишкон аз кишварҳои хориҷӣ, назири Эрон, Русия ва Қазоқистон ширкат менамоянд. Мулозуҳур Тоҳирӣ-раиси Ассотсиатсияи гиёҳпизишкон ва табибони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз масъулини баргузории конгресси тибби мардумист, дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамоиши гиёҳпизишкон «Гиёҳдармонии давраи Авитсенна» муддати се рӯз: аз 15 то 18 август доир гардида, ҳадафаш муттаҳид намудани кормандони соҳаи тибби мардумӣ, хусусан гиёҳпизишкон, табодули таҷриба, солимгардонии мардуми тоҷик бо усулҳои оддию содда, дарозумрӣ, ҳифзи табиати нотакрори Тоҷикистон , ки аз гиёҳҳои шифобахшу дармонӣ бой мебошад, ба шумор меравад. Интизор меравад, ки табибони мардумӣ тӯли се шабонарӯз ба минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, хусусан водии Зарафшон сафар намуда, бо гиёҳҳо ва растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ошно шаванд. Ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши мазкур табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ доир ба фаъолияти Ассотсиатсияи гиёҳпизишкон ва табибони халқии Тоҷикистон гузориш дод. Зикр шуд, ки Ассотсиатсияи мазкур 10 сол муқаддам, соли 2003 созмон дода шуда, 25 нафар аъзо дорад. Аъзои Ассотсиатсияи мазкур борҳо дар конгрессҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ доир шудаанд, ширкат ва маърӯза намуда, бахши гиёҳдармонӣ ва тибби қадимии мардуми тоҷикро муаарифӣ кардаанд. Дар конгресс ҳамчунин гиёҳпизишкону табибони мардумӣ роҳҳои рушди тибби анъанавӣ, гиёҳшифоӣ, қонунгузории кишвар дар самти тибби мардумӣ, тиббӣ қадим дар замони Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, баланд бардоштани касбияти гиёҳпизишкон ва соири масоили марбут ба ин соҳаро матраҳ намуданд. Ҳамзамон дар доираи баргузории ҳамоиш дорую дармонҳое, ки аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон тайёр шудаанд ва китобҳое, ки аз ҷониби гиёҳпизишкон ва табибони мардумӣ таълиф гардидаанд, ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд.

Август 15, 2013 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш