Иди асалу харбуза дар пойтахт

Август 29, 2013 16:31

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Пагоҳ,30-юми август дар чор нуқтаи пойтахт- бозори Шоҳмансури ноҳияи Шоҳмансур, Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарияи болои ноҳияи Сино, инчунин саховати ноҳияи Фирдавсӣ ярмарка-фурӯши асал ва харбуза гузаронида мешавад.Тавре ки дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ярмаркаи мазкур дар доираи иди асал ва харбуза гузаронида мешавад. Дар ярмарка хоҷагиҳои асалпарварии кулли минтақаҳои куҳистони ҷумҳурӣ ва полездорони ҳамаи ноҳияҳои кишвар иштирок хоҳанд кард.Оғози ярмарка соати 8-и пагоҳист.

Август 29, 2013 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш