ИМА ва Тоҷикистон нақшаи «31 қадам бар зидди қочоқ»-ро баррасӣ карданд

Август 29, 2013 14:11

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Рӯзҳои 27-28 августи соли равон дар Душанбе вохӯрии намояндагони расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон бо мақсади баррасии роҳҳои минбаъдаи инкишоф додани ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур идомаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, ки моҳи январи соли 2007 замина гузошта шуда буд ва барои пешрафти имкониятҳо дар пешгирӣ, ошкор намудан ва вокуниш нишон додан нисбат ба ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ равона шудааст.  Тавре ки аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрии дурӯза намояндагони ИМА ва Тоҷикистон бори дигар ниёз ба ҳамкориҳои зичи дуҷониба ҷиҳати пешгирии дастрасии террористон ва ҷинояткорон ба бозорҳои моддаҳои ҳастаиро қайд карданд. Иштирокчиёни ҷаласа, ки намояндагони Парлумон ва як силсила идораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва инчунин намояндагони идораҳои давлатии ИМА буданд, зарурати вокуниши ҳамаҷонибаро бар зидди ҳолатҳои эҳтимолии қочоқи моддаҳои ҳастаӣ қайд намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳарду ҷониб «31 қадами нақшаи амали дуҷониба»-ро баррасӣ намуданд, ки моҳи ноябри соли 2011 ба имзо расида буд. Дар чорчӯбаи ин санад тарафҳо якдигарро бо маълумоти дастрас оид ба хатарҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ хабардор карда, инчунин таҷрибаҳои беҳтаринро дар самти ошкори моддаҳои ҳастаӣ, ташхиси судии ҳастаӣ, тафтишоти мақомоти қудратӣ ва инчунин омилҳои дигар барои ошкор кардан ва вокуниш нишон додан нисбат ба ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баррасӣ намуданд.

Август 29, 2013 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш