Имзои Санади қабули нерӯгоҳ барои баҳрабардорӣ

Август 30, 2013 11:22

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»). – Комиссияи корӣ Санади қабули НБО «Сангтӯда – 1» – ро, ки қудрати тавоноияш 670 мегаватт мебошад, имзо намуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии НБО «Сангтӯда – 1» хабар доданд, комиссияи корӣ хулоса баровард, ки иншоотҳо мутобиқ ба лоиҳаҳо бунёд гардида, ҷавобгӯӣ меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ мебошанд.Имзои Санади комиссияи қабули давлатӣ ба моҳи ноябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Август 30, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш