Иштироки намояндаи доимии ҶТ дар СММ дар иҷлосияи ММ МО ҶТ
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чор қонуни наву мукаммал- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллӣ доир гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ — Саймурод Тағоев, Давлатшо Гулмаҳмадов ва Убайдулло Қурбонов зимни ташреҳи моҳият ва самтҳои афзалиятноки масъалаҳои мазкур иброз доштанд, ки ин қонунҳо муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти рушди соҳаҳои энергетикию иқтисодӣ ва кишоварзии кишвар ба танзим дароварда, ба рушди иқтисодиёти миллии мамлакат ва некӯаҳволии ҷомеа мусоидат менамоянд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» дар кишварамон Фонди миллии энергетикӣ таъсис дода шуда, ба рушди минбаъдаи бахши энергетикии кишвар шароити мусоид фароҳам меорад. Инчунин самти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба татбиқи яке аз се ҳадафи стратегие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст- -таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд. Қонунҳои мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар рушди зотпарварӣ ва моҳидорӣ дар Тоҷикистон ба танзим медароранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти волонтёриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Фаъолияти волонтёрӣ ки дар тамоми давлатҳои ҷаҳон маъмул аст, аз ин рӯ қабули ин қонун аз сӯи Парлумони Тоҷикистон аз рушди равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак медиҳад. Дар маҷмуъ қонунҳои мазкур, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонии фазои ҳуқуқии кишвар ва ба танзим даровардани муносибатҳои хоҷагидорию ҷамъиятӣ, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гаштаанд, аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки қонунҳои мазкурро қаблан вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул намуда буданд. Аъзои Маҷлиси миллӣ дар фарҷоми иҷлосия вобаста ба Қарори Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 августи соли 2013 роҷеъ ба масъалаҳои фароминтақавии экологӣ қарори марбута қабул намуданд. Дар робита ба ин дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ Сироҷиддин Аслов — намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Талбак Салимов — раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадшариф Ҳақдодов — раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Кабиров — директор оид ба масъалаҳои тиҷорат ва молияи КВД “Талко”, Ҳукуматулло Аҳмадов — Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Нусратулло Файзуллоев — Президенти Академияи илмҳои тибби ҷумҳурӣ иштирок ва сухан карданд.11.17.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






