Истеҳсоли ангишт меафзояд

Август 28, 2013 10:21

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 236 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012 баробари 56 ҳазор тонна зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Аз оғози сол дар 1904 бунгоҳу анборҳо қариб 200 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шуда, алҳол захираи ангишти анборҳо 86 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.Қобили зикр аст, ки то имрӯз корхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Ангишт», кони саноатии «Фон Яғноб», кони ангишти «Анзоб» ва ғайра истеҳсолкунандагони асосии ангишт дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Назар ба гуфтаи намояндаи Вазорати энергетика ва саноати кишвар, вазорат барои таъмини аҳолӣ бо ангишт хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон ҳамаи чораҳоро мебинад.

Август 28, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш