Истиқболи ҷашни Истиқлол дар Наврӯзгоҳ

Август 12, 2013 10:20

Душанбе, 12 август.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати таҷлили бошукуҳи 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан тарҳрезӣ гардида буд, тасдиқ намуд. Тибқи он 9 сентябр аз соати 10:00 то 11:30 дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», “Кӯли ҷавонон”, Майдони Парчами миллӣ, 800 -солагии Маскав ва Боғи Ирам ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Ҷаҳоноро», “Сомон”, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои ҷолибу идонаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Ҳамзамон дар Рӯзи истиқлолияти давлатӣ -9 сентябр дар маҳалҳое, ки сайругашти оммавии сокинону меҳмонони шаҳр барпо мешавад, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, ошомиданӣ ва қаннодӣ ташкил мешавад. Инчунин дар ин рӯз барномаи бошукуҳи идона бо иштироки ҳунармандони ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар «Боғи пойтахт» аз соати 10:00 оғоз меёбад. Базмгоҳи асосии ҷашни Истиқлол Наврӯзгоҳи пойтахт буда, дар ин ҷо шуруъ аз соати 19:00-и 9 сентябр намоиши театрикунонидашуда бо иштиркои устодони санъат ва ситораҳои эстардаи тоҷик баргузор гардида, мушакпаронӣ дар фазои пойтахт ба таҷлил ва истиқболи бошукуҳи 22-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳусни анҷом мебахшад.

Август 12, 2013 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш