Ивазкунии кортҳои нафақавӣ ба «Корти миллӣ»
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар»).- 12 августи соли 2013 бо мақсади ба ҳисоб гирифтани (инвентаризатсия) асноди нафақавии нафақагирон аз тариқи кортҳои бонкӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди якҷоя бо иштироки роҳбарият ва сохторҳои системаи вазорат ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати иваз намудани кортҳои бонкии нафақавӣ ба низоми пардохти миллӣ- «Корти миллӣ» доир гардид. Механизми иваз намудани кортҳои қаблӣ ба кортҳои нави миллӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 1 августи соли равон шуруъ гардида, низоми мазкур давра ба давра то 25 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад гашт.Аҳамияти гузариш ба низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» бартариятҳои зеринро дорост:-интишор ва фардикунонии кортҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ; -истифодаи васеи шабакаи терминалӣ дар миқёси ҷумҳурӣ;-ривоҷи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллӣ дар ҳама сатҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ ба муқаррароти меъёрии дохилиҷумҳуриявӣ ва хусусиятҳои талаботи бозори дохилӣ. -маълумот оид ба мизоҷон ва гардиши маблағҳои пулии аҳолӣ дар дохили мамлакат коркард ва нигоҳ дошта шуда, хафвҳои амалиётии беруна истисно мешаванд.Ба ҳолати 12 августи соли равон беш аз 15 % кортҳои пардохтӣ ба нафақагирони шаҳри Душанбе дастрас гардидаанд. Бояд ёдовар шуд, ки ивази корт ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, бақияи суратҳисобҳо бемонеа ба кортҳои нав интиқол дода мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






