Изҳороти матбуотии Э. Раҳмон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Тайиланд
19.08.2013, шаҳри Душанбе Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар сипоси самимии хешро ба Хонуми Олиҷоҳ Йинглак Шинаватра, Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд барои ҳусни таваҷӯӯҳ ва қабули даъвати инҷониб ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон иброз намоям.Ин ташрифи ҳайати воломақоми ҷониби Тайиландро аз кишвари худ мо ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи мунтазами сиёсии байни ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла олӣ арзёбӣ менамоем.Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Тайиланд бар асари мулоқоту музокироти имрӯза ҷанбаҳои нави ҳамёрии созандаро фаро хоҳанд гирифт.Дар рафти мулоқоти ҳайатҳои ҷонибҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор гардид, ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва самтҳои ояндадори онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доштанд.Ҳамзамон бо ин, мо атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҳамраъйӣ ва наздикии мавқеи якдигарро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн таъкид кардем.Зимнан, мо аҳд кардем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саъйю талошҳои муштаракамонро баҳри таҳкими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда дар минбаъда ҳам идома дода, ташаббусҳои якдигарро дар ин ҷода дастгирӣ намоем.Дар ин замина мо таваҷҷӯҳи ҷониби Тайиландро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи кишвар таҳия гардида, ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.Фардо мо дар якҷоягӣ бо хонум Шинаватра ва дигар меҳмонони воломақоми Тоҷикистон, ки вориди пойтахти кишварамон шудаанд, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳусни оғоз мебахшем.Иштироки Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд дар ин чорабинии глобалии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи ҳамёрии кишварҳои мо дар самти дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами глобалӣ мебошад.Дар мавриди густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба роҳу воситаҳои истифодаи самарабахши захираҳои бузурги онҳо дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод ва гуманитариву иҷтимоӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳо қарор дошт.Ҷониби Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз фаъолияти ширкатҳову соҳибкорони тайиландӣ дар бахшҳои доду гирифти мол, туризм ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва омодагии онҳо барои ҳамкориҳои муассир бо ҳамтоёни тоҷики худ иброз намуд.Вобаста ба ин мо аҳамияти татбиқи фаъолтари қарордодҳои пештар аз ҷониби ду кишвар имзогардидаро дар соҳаҳои тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, туризм, ҳифзи мутақобилаи сармоя ва каноргирӣ аз андозбандии дукарата таъкид намудем.Ҳамзамон ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати рушди муносибатҳои байнидавлатиашон дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм ва маориф изҳор карданд.Мо итминон дорем, ки сафари ҳайати воломақоми Шоҳигарии Тайиланд ба Тоҷикистон марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои моро оғози накӯ хоҳад бахшид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






