Кӯмак ба гурезаи ноболиғ
Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Моҳи марти соли 2013 ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот ворид гардид, ки духтараки ноболиғе аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаасту паноҳгоҳ меҷӯяд.Аз ҷониби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон духтараки ноболиғ дарёфт шуд, баъдан барои мусоидат намудан баҳри эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ, кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда як силсила корҳоро ба анҷом расониданд.Дар айни замон бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгирии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Вазорати корҳои дохилию Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.М. бо ҷои хоби доимӣ ва таълим фаро гирифта шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






