Кӯмак ба ятимон дар арафаи Иди дониш

Август 28, 2013 16:53

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳисор дар арафаи оғози соли нави таҳсил ба нуҳ нафар ятими камбизоат ва бепарастор либоси мактабӣ тақдим намуд. Дар ин бора сомонаи расмии ҳизб иттилоъ дода, афзудааст, ки ин иқдом дар доираи баргузории аксияи хайриявии ҲХДТ бо номи «Роҳ ба сӯйи мактаб» ва аз ҳисоби маблағи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки аксияи хайриявии ҲХДТ —«Роҳ ба сӯйи мактаб» идома дорад.

Август 28, 2013 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш