Кӯмак ба ятимони кулл, хатнасур ва тӯйи арусии дастаҷамъона дар Норак
Душанбе, 13 август (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.Ҳамин тариқ нахуст 16 нафар кӯдакону наврасон, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, аз кумакҳои моддии Сарвари давлат бархӯрдор гардиданд.Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар писарчаҳо аз оилаҳои ниёзманд, ки хатнасурашон дастаҷамъона ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ёрии башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба 10 ҷуфти навхонадорон, ки тӯйи арусиашон имрӯз дастаҷамъона ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, дастрас гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






