Кӯмаки ҳарбӣ-техникии Сафорати ИМА ба воҳидҳои ВКД

Август 5, 2013 10:52

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба Дастаи таъйиноти махсуси милитсия омада, аз таҷҳизоти техникӣ ва лавозимоти ҳарбие, ки аз ҷониби Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар доираи «Барномаи кӯмак ва ҳамкорӣ ба сохторҳои қудратӣ» ба Вазорати корҳои дохилӣ расонида шудааст, дидан намуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамзамон вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия вохӯрда, онҳоро ба хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд. Мавсуф зикр кард, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша барои беҳтар намудани шароити хизмат ва таъминоти моддию техникии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.Мавриди зикр аст, ки кӯмаки ҳарбию техникии расида намудҳои гуногуни таҷҳизот, либоси низомӣ ва лавозимоти ҷангиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ин кӯмак ба дигар ҷузъу томҳои ВКД дар вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ расонида мешавад.Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Август 5, 2013 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш