Кӯмаки Иттифоқи арбобон ба ҳунармандони ниёзманд

Август 9, 2013 09:51

Душанбе, 9 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон ба 15 нафар барҷомондагон ва ниёзмандони аҳли санъат маводи ғизоӣ кӯмак намуд. Тавре ки аз ин иттифоқ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кӯмаки мазкур, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи арбобони санъат ба ҳунармандону санъаткороне, ки ҳоло даврони пирӣ меронанд, расонида шуд.Ёдрас мешавем, ки Иттифоқи арбобони кишвар дар аввали моҳи шарифи рамазон низ ба 20 нафар ниёзманди аҳли санъат маводи ғизоӣ кӯмак расонид.

Август 9, 2013 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш