Консерти хайрия

Август 30, 2013 11:23

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Азиз Хайруллоев). – 10 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа консерти хайрияи «Садои дилҳо» баргузор мегардад.Тавре ки аз Маркази продюсерии Сӯҳроб Забиров хабар доданд, ситораҳои эстрадаи тоҷик дар ҳузури кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳунарнамоӣ мекунанд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии кишвар, ширкати «Rusaid» ва Маркази проюдсерии Сӯҳроб Забиров роҳандозӣ мешавад.

Август 30, 2013 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш