Корхонаи таҷрибавӣ-механикии Норак умри дубора пайдо намудааст
Душанбе, 13 август (АМИТ «Ховар»).- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кори ба замони муосир мутобиқгардидаи корхонаи дигари машҳур, ки дар бунёди нерӯгоҳи Норак ва дигар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон саҳми намоён гузоштааст, яъне корхонаи таҷрибавию механикӣ аз наздик шинос шуд.Чунонки иттилоъ доданд, ин корхонаи тамоман аз фаъолият бозмонда соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, умри дубора пайдо намуд.Аз соли 2006 ба ин сӯй дар ин корхона вобаста ба ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва талаби фармоишгарон аз 80 то 150 нафар машғули кор мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо 115 нафар коргарону мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин мебошанд.Дар коргоҳҳои гуногуни ин корхона ҳоло 25 намуд масолеҳи сохтмонии аз метал ва сим омодашаванда, аз қабили сеткаҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои металлӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мегардад.Роҳбарияти корхона мутахассисони қаблии ин корхонаро сарфи назар аз синну соли нафақавиашон бо маоши калон ба кор ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ мутахассисони хуби ҷавонро омода карда, кори рақобатпазири муассисаро ба роҳ мондаанд.Дар натиҷа корхона қарзҳои пешинаро пурра пардохт намуда, аз нав фоидаовар шуд. Аз ҳисоби даромади корхона ҳоло дастгоҳҳои технологияи навтарин ворид шуда, коргоҳҳои нави истеҳсолӣ омода мегарданд.Як дастгоҳи муосири оҳанбурӣ, ки бо нерӯи барқ кор мекунад, бо камтарин масраф метавонад оҳани ғафсиаш то 10 см роҳат буридан гирад ва аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла бо ороиши зебо омода намояд.Коргоҳи нави истеҳсоли электрод, коргоҳи тавлиди гази оксиген ва гази азот бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташон дар бозори дохилӣ харидорони бешумор доранд.Дар коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз сим ва тунукаи оҳанин фаъолияти ибратбахшу фоидаовар ба роҳ монда шудааст. Масолеҳи сохтмонии тунукагӣ, ки асосан борои пӯшондани бому болопӯшҳои биною иншооти гуногун истифода мешавад, аз ҷумла, ба истилоҳ, металочерепитса дар ин корхона бо сифати баланду эътимодбахш истеҳсол мегардад.Яке аз корҳои ибратбахши дар ин корхона роҳандозишуда ҷамоварии скутерҳои барқӣ аст, ки бе сарфи сӯзишворӣ бо нерӯи барқи аккамулятор ҳаракат мекунад. Суръати аз ҳама зиёди ин скутерҳо 60км/соат буда, бо як қуввагирии акамулятор то 60 км мегардад. Аккамуятори он мисли телефонҳои ҳамроҳ дар шароити одии хонагӣ аз хатҳои барқ қувва мегирад. Нархаш ҳам ҳамагӣ аз 3 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ аст, ки барои аксари табақаҳои аҳолии Тоҷикистон дастрас аст. Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Норак бевосита шинос шуд.Тавре аён гардид, ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш ба роҳ мондаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхонаи Бофандаи Норак бо назардошти имкониятҳои мавҷудааш дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






