Кўмаки унвонӣ ба беш 6 ҳаз.400 сокинони Истаравшан

Август 17, 2013 10:25

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз 13 то 15 август вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони сохторҳои ин вазорат ба шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Зафаробод, Қайроқум, Чкалов, Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин сафар боздид аз натиҷаи кори сохторҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар самти касбомўзӣ, таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, вазъи муҳоҷирони ихтиёрию экологӣ, пардохти саривақтии нафақаю кўмакпулиҳо ва татбиқи механизми кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ буд. Қайд кардан ба маврид аст, ки механизми кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз моҳи январи соли 2011 дар шаҳри Истаравшан амалӣ шуда истодааст, ки ба ҳолати 9 августи соли 2013 ба Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан 6 ҳазору 235 ариза пешниҳод шуда, аз ин шумора 4 ҳазору 864-тои он ба махзани маълумоти ягона ворид шудааст.Дар нимсолаи аввали соли 2013 ба 3003 нафар шаҳрванди шаҳри Истаравшан, ки ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидаанд, 539700 сомонӣ кўмаки унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт карда шуда, ки аз ин теъдод 139 нафарашон оилаҳое, ки ду ва ё зиёда маъюб доранд ва 14 нафарашон пиронсолони яккаву танҳо мебошанд. Дар маҷмўъ аз аввали соли ҷорӣ ба 6431 нафар шаҳрванди шаҳри Истаравшан, ки ба гуруҳи камбизоатон дохил мешаванд, кўмаки унвонии иҷтимоӣ пардохт шудааст. Дар назар аст, ки механизми мазкур аз аввали соли 2014 дар шаҳрҳои Конибодом, Панҷакент ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ низ ҷорӣ карда шавад.Дар ҷараёни сафар М.Маҳмадаминов ва ҳайати корӣ аз сохторҳои вазорат, марказҳои таълими калонсолон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур боздид намуда, дар ифтитоҳи фаъолияти “Равзанаи ягона” дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Истаравшан, намояндагии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Чкаловск ва филиали КВД “Маркази касбомўзӣ ва соҳибкории шаҳри Душанбе” дар шаҳри Қайроқум иштирок намуданд.

Август 17, 2013 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш