Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар оғози маҷлис бо маъқул донистани лоиҳаи чанд қонун ба як зумра қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи нақлиёт”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод карда шуд.Нақшаи генералии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд тасдиқ карда шуд.Дар охири маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сухт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон, дода шуд.Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукӯҳи хоса ба роҳ монда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






