Маросими насби лавҳаи иттилоотӣ

Август 27, 2013 10:18

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»). – 26 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими насби лавҳаи иттилоотӣ ба ифтихори аз ҷониби ширкати «Соя Интернэшнл» ба мардуми Тоҷикистон тақдим шудани ниҳолҳои дарахти Сакура баргузор гардид.Дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов, директори ширкати «Соя Интернэшнл» хонум Мика Мори ва дигарон иштирок доштанд. Қобили зикр аст, ки ширкати «Соя Интернэшнл» — и Ҷопон яке аз ниҳодҳои шгиркати бинокории «Мори траст Ҳолдингс» ба шумор рафта, ба масоили рушди равобити фарҳангӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон машғул аст.Дар анҷоми маросим сӯҳбати муовини вазир Низомиддин Зоҳидов бо раиси ширкати «Соя Интернэшнл» хонум Мика Мори баргузор гардида, дар ҷараёни он ҷонибҳо перомуни вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи равобити фарҳангии миёни Тоҷикистон ва ширкати мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Август 27, 2013 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш