Маросими супоридани таҷҳизоти махсус ба АНМН
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л.Қосимова). -Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) маросими супоридани воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти тактикӣ, асбобҳои коммуникатсионӣ барои кормандони агентӣ аз тарафи шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Воситаҳои техникии мазкур барои ҷоннок намудани мубориза бо гуруҳҳои мутташаккили ҷиноии байналмилалӣ равона шудаанд. Директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров миннатдории хешро барои дастгирии техникӣ ба ҷониби Амрико баён намуда, ба ҳамкориҳои байни АНМН ва Сафорати ИМА дар ҶТ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод. Сардори Ситоди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии гвардияи миллии Вирҷинияи ҚҲҲ ИМА генерал Вейн Райт инчунин ба тамоюли судманди ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки саҳми агентӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар солҳои охир хеле назаррас аст. Ӯ зикр намуд, ки ИМА минбаъд ҳам кӯшиш менамояд, ки ҳамкориро бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон дар ин самт фаъол намояд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






