Мавқеи «Тоҷиксуғурта» қавитар мегардад

Август 6, 2013 14:46

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мавқеи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар бозори суғуртаи кишварамон назаррас буда, аз 65 миллиону 413 ҳазор сомонии ҳаққи суғуртавии воридгардидаи бозори суғурта 30 миллиону 554 ҳазор сомонӣ ё 46 , 7 фоизи маблағи воридгардида ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» рост меояд. Тавре ки аз агентии мазкур хабар доданд, ҳақгузорӣ дар давраи аввали соли ҷорӣ аз 6 миллиону 635 ҳазору 800 сомоние, ки дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ба суғурташавандагон пардохт карда шудааст, 6 миллиону 107 ҳазору 500 сомониаш ба «Тоҷиксуғурта» тааллуқ дорад, ки ин 92 фоизро ташкил медиҳад.

Август 6, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш