Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ бо Бунёди Кувейт
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Чанде пеш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо менеҷери минтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Бунёди рушди иқтисодии Кувейт Юсуф ал – Бадр ва мушовири бахши масоили муҳандисӣ Носир ал — Рифоӣ, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд. Тавре ки аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот рушди ҳамкории байни Бунёди рушди иқтисодии Кувейт ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин имконияти тақвият бахшидани онро мавриди муҳокима қарор доданд. Раиси Кумита Давлаталӣ Саидов аз ҷараёни ҳамкории ҷонибҳо мухтасар иттилоот дода, ин ҳамкориро ба таври мусбат арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки Бунёди рушди иқтисодии Кувейт шарики арзандаи Тоҷикистон ба шумор рафта, ба таҷдиду рушди бахшҳои муҳими иқтисодиёт, аз қабили инфрасохтор ва таъмини об бо усули додани қарзҳои имтиёзнок саҳми назаррас мерасонад. Қобили зикр аст, ки Бунёди рушди иқтисодии Кувейт фаъолияташро соли 2001 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, 5 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 61,07 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд. То имрӯз се лоиҳа дар амал татбиқ гардида, ду лоиҳаи дигар дар марҳилаи иҷрошавӣ қарор доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






