Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Сарвазири Мозамбик
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»). – 21 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина мулоқот намуд.Сарвазири Мозамбик ба ҷониби Тоҷикистон барои ташкили Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об изҳори сипос намуда, Ҳамрохон Зарифиро барои муваффақона доир шудани ин Конфронс муборакбод кард. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот роҳҳои рӯи кор овардани ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, дар мавриди роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, тиб ва кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.Ваквина ба ҷониби Тоҷикистон аз вазъияти иқтисодиёти Мозамбик ва рушди он муфассал хабар дод. Мавсуф, аз ҷумла, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Мозамбик аз захираҳои энергетикию минералӣ ғанӣ буда, инфраструктура ва бахши кишоварзии худро рушду тараққӣ медиҳад.Зимни мулоқот пешниҳод шуд, ки таҳкурсии меъморию ҳуқуқии дуҷониба гузошта шавад, зеро ҳар ду ҷониб барои рушди муносибатҳояшон имкониятҳои фаровон доранд.Дар хотима Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сарвазири Мозамбикро бо боздиди аввалинаш аз Тоҷикистон муборакбод карда, зикр намуд, ки «ин сафар саҳифаи нави муносибатҳои ҳар ду кишварро мекушояд». Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






