Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини дабири кулли СММ
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Муовини мудири Барномаи рушди СММ хонум Ребека ГРИНСПАН-ро, ки ба Тоҷикистон барои омодасозии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ва иштирок дар он ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Хонум Ребека Гринспан доир ба муносибати Тоҷикистон ба ин ҳамоиши муҳими глобалӣ, ки дар доираи чорабиниҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” баргузор мегардад, таассуроти худро баён дошта, ба сатҳи омодагиҳо баҳои баланд дод. Ӯ ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо дастовардҳои намоёни рушд, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табрик гуфт.Ребека Гринспан, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола бори дигар тайид менамоем зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об пешвоед”.Бо ишора ба мушкилоти ҷумҳурии мо дар самти таъминот бо нерӯи барқ Хонум Гринспан таъкид дошт, ки барои татбиқи иқдоми Дабири кулли СММ – “Энергияи устувор барои ҳама” низ Тоҷикистон кишвари пилотӣ (озмоишӣ) пазируфта шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кумаку дастгирии худро барои бартараф намудани ин мушкилӣ дареғ намедорад.Хотиррасон гардид, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гунгогуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори байналмилалию минтақавӣ иштирок хоҳанд дошт. Танҳо аз СММ ҳафт муовини Дабири кулли он ва мутахассисону масъулони сершумори дигар ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории босамарро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақозо мекунад”.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимнан ба ҳамкории ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Барномаи рушди он бо Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои судбахши ду ҷониб минбаъд густариши бештар пайдо мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






