Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини дабири кулли СММ
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария, асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Гян Чандра Ачария барои ташриф ба шаҳри Душанбе ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамчунин пуштибониҳои доимияш аз ғояҳо ва ибтикороти Тоҷикистон дар бахши об дар минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос кард.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки раисии имсолаи Тоҷикистон дар Барномаи ТРАСЕКА, ҷаласаи 10-уми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020”, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, боровар хоҳад буд.Таъкид гардид, ки “барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар надоштани роҳҳои баромади бевосита ба баҳр ва бо назардошти мавқеи ҷуғрофии он нақлиёти автомобилӣ аҳамияти хос дорад”.Гян Чандра Ачария изҳори итминон кард, ки “тадбирҳои Тоҷикистон доир ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ минбаъд низ бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳою давлатҳои шарику мададгор мавриди дастгирӣ қарор хоҳад дошт”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






