Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини дабири кулли СММ доир ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Мулоқоти судбахши дигар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ У Хунбо анҷом дод.Зимни мулоқот дар баробари мавзӯъҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили вобаста ба таҳияи рӯзномаи Ҷаласаи байналмилалии рушд дар соли 2015 баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, масоили дар ин ҷаласа муайяншаванда бояд идомабахши Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бошанд, ки барои 15 соли аввали ҳазораи сеюми мелодӣ мушаххас гардида буданд.У Хунбо ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика, рушди “иқтисоди сабз”, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳам барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои иқдоми навбатӣ, яъне дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ кард.У Хунбо мавқеи созанда ва мутавозини Тоҷикистонро доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз тариқи ҳамкорӣ ва созиш арзандаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “беҳтарин роҳи ҳаллу фасли масоили баҳсноки вобаста ба об ҳамкории минтақавӣ мебошад”. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






