Мулоқоти Э. Раҳмон бо роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо оид ба масъалаҳои об
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра меҳмонони олимақомро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Мулоқоти нахустин бо Вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина ГУТИЕРЕС баргузор гардид.Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои он рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноат карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳарчи бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.Изҳор гардид, ки “дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо ҳамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо нерӯи барқ ба назар гирифта шудаанд”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Агар нерӯгоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд”.Кристина ГУТИЕРЕС изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эҷоди фазои муносиб баҳри тавсеаи ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт”.Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра меҳмонони олимақомро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Мулоқоти нахустин бо Вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯњи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина ГУТИЕРЕС баргузор гардид.Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои он рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноат карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳарчи бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.Изҳор гардид, ки “дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо њамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо нерӯи барқ ба назар гирифта шудаанд”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Агар нерӯгоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд”.Кристина ГУТИЕРЕС изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо, аз љумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эљоди фазои муносиб баҳри тавсеаи њамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт”. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






